Ҷумъа, 20 ноябр 2026
Иқтисод

Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид

Дар Павилиони миллии Тоҷикистон дар COP31 чорабинии минтақавӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) дар Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Аз хавфҳои марбут ба пиряхҳо то низомҳои устувори озуқаворӣ: сармоягузорӣ ба ҷомеаҳои кӯҳистон ва воситаҳои зиндагии устувор» чорабинии минтақавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чорабинӣ ба баррасии таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои кӯҳӣ, амнияти озуқаворӣ ва воситаҳои зиндагии аҳолии деҳот, инчунин ҷалби сармоягузорӣ барои таҳкими устувории иқлимӣ равона гардид.

Иброз гардид, ки густариши ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби маблағҳои грантӣ ва имтиёзнок, омода намудани лоиҳаҳои сармоягузории иқлимӣ ва татбиқи роҳҳалҳои амалӣ барои таҳкими устувории низомҳои озуқаворӣ муҳим мебошад. Зеро тағйирёбии иқлим ва босуръат об шудани пиряхҳо ба захираҳои об, истеҳсолоти кишоварзӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои кӯҳистон таъсири ҷиддӣ мерасонанд.

Дар фарҷом ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкории минбаъда ба хотири ҷалби сармоягузориҳои нав, татбиқи афзалияти миллии иқлимӣ ва фароҳам овардани имконияти устувори иқтисодию иҷтимоӣ барои аҳолии минтақаҳои кӯҳистон ибрози омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аз шуруъ аз 9 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) идома дорад. Он имрӯз, 20 ноябр ба анҷом мерасад.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj