ДУШАНБЕ, 26.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба бунёди фурудгоҳи маҳаллӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, 25 ноябр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Балҷувон ба бунёди фурудгоҳи маҳаллӣ санги асос гузошт. Иншооти хуштарҳу замонавӣ бо риояи талаботи муосири меъморӣ ва унсурҳои миллӣ бунёд гардида, дар он барои кормандону мутахассисон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда мешавад.
Бинои маъмурии фурудгоҳи маҳаллӣ аз ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои интизорӣ ва қабулу гусели мусофирон иборат хоҳад буд.
Сари Хосор минтақаест, ки аз нигоҳи ҷуғрофӣ тағйирёбанда буда, ҳангоми бориши зиёди барфу борон ва офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Бунёди фурудгоҳи маҳаллӣ дар ин ҷамоат барои беҳтар намудани дастрасии нақлиётӣ ва рушди сайёҳии ин минтақаи кӯҳӣ нақши муҳим дорад.
Сари Хосор бо табиати нотакрору зебо кайҳост дили ҳаводорони саёҳатро тасхир намудааст, аммо аз сабаби дурии роҳ ва ноҳамвории он зимни сафар ба ин минтақаи сайёҳӣ мушкилӣ пеш меояд. Баъди ба истифода додани фурудгоҳ ва фаъол гаштани хатти парвоз ба ин минтақа мушкили сокинону сайёҳон ҳалли худро хоҳад ёфт.
Бояд гуфт, ки ноҳияи Балҷувон бо табиати нотакрор ва мавзеъҳои таърихӣ диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Дар бунёду навсозӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон соҳибкорони маҳаллӣ саҳми хешро мегузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






