ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23–24 ноябр дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Форуми байналмилалии мунисипалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони ҳайати Тоҷикистон таҷрибаи мамлакатро дар самти банақшагирии минтақавӣ, рушди устувор ва маорифи пойтахт муаррифӣ ва масъалаҳои ҳамкории муштаракро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
24 ноябр дар яке аз ҷаласаҳои пленарӣ таҳти унвони «Забони русӣ бо мақсади ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувор» сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода оид ба таҷрибаи пойтахт ва масъалаҳои марбут ба рушди соҳаи маориф сухан гуфт.
Дар ҷаласаи дигари пленарӣ сардори Раёсати банақшагирӣ ва арзёбии барномаҳои рушди маҳали Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Абдураҳимзода оид ба масъалаҳои банақшагирӣ, арзёбии барномаҳои рушди маҳал ва самтҳои асосии рушди устувори минтақаҳо андешаҳояшро баён намуд.
Дар форум инчунин оид ба масъалаҳои банақшагирӣ, арзёбии барномаҳои рушди маҳал ва самтҳои асосии рушди устувори минтақаҳои Тоҷикистон маълумот дода шуд. Дар ҷараёни форум ҳайати Тоҷикистон бо иштирокчиёни чорабинӣ табодули таҷриба ва андеша намуда, масъалаҳои густариши ҳамкории байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак ва истифодаи таҷрибаи пешқадамро баррасӣ карданд.
Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии мунисипалӣ барои муаррифии таҷрибаи кишвар дар самти рушди маҳал, таҳкими робитаҳо байни мақомоти маҳаллӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






