Шанбе, 21 ноябр 2026
Варзиш

Лоиқ дар мубориза барои нишони биринҷӣ ноком шуд

Лоиқ дар мубориза барои нишони биринҷӣ ноком шуд

Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон дар соли 2026 оғоз гардид. Дар рӯзи якуми мусобиқа Тоҷикистонро Мадина Қурбонзода (-52 кг), Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг), Шокир Ғаюбов (-60 кг) ва Ёсин Бобокалонов (-66 кг) намояндагӣ карданд.

Аз миёни ин ҷудокорон натиҷаи беҳтарро Лоиқ Қутбуддинов ба қайд гирифта, мақоми панҷумро миёни 48 ҷудокор дар вазни то 60 кг касб намуд. Ёсин Бобокалонов дар вазни то 66 кг миёни 48 ҷудокор зинаи ҳафтумро ишғол кард.

Лоиқ Қутбуддинов (-60 кг) дар даври аввали Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон бар Бути Алҳашми аз АМА зафар ёфта, дар даври дуюм намояндаи Исроил - Бен Тамариро шикаст дод.

Дар даври ҳаштякниҳоӣ Лоиқ бар намояндаи Италия - Крочиани Франческо ғолиб омада, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва бо намояндаи Гурҷистон - Лука Оманадзе гӯштин гирифт.

Лоиқ дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ бо мағлуб кардани намояндаи Гурҷистон - Лука Оманадзе ба даври нимниҳоӣ баромад. Дар ин марҳилаи мусобиқа Лоиқ Қутбуддинов аз ҷудокори мизбон Муҳаммадҷон Машарипов мағлуб шуд ва муборизаро барои нишони биринҷӣ бо Тоай Ҳашима аз Ҷопон идома дод.

Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Лоиқ ва Тоай рақобати мушкил доштанд ва ғолибият насиби намояндаи Ҷопон гардид. Лоиқ Қутбуддинов аз нишони биринҷӣ бенасиб монда, мақоми панҷумро ишғол намуд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Тошканди Ӯзбекистон аз 19-ум то 22-юми ноябр мизбони мусобиқаи Tashkent World Championships Juniors 2026 аст. Барои иштирок дар мусобиқа 574 ҷудокор аз 78 кишвари ҷаҳон номнавис шудаанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 8 ҷудокор намояндагӣ доранд.

Манбаъ: Телевизиони «Варзиш» · varzishtv.tj