ДУШАНБЕ, 27.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон-2026 бо тими миллии Сенегал мусовӣ – 1:1 бозӣ кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, наврасони тоҷик дар марҳилаи гурӯҳӣ 4 имтиёз ба даст оварда, роҳхати марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026-ро соҳиб шуданд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар» · khovar.tj






