Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд
Имрӯз дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн мулоқот намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ изҳори сипос намуда, муҳтарам Хан Чжэнро ба муносибати ба мақоми баланди муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб гардиданашон табрику таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки рушди муносибатҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, Чин барои давлати мо шарики боэътимоди стратегӣ дар арсаи минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Ҷонибҳо ба натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин баҳои баланд дода, муҳиммияти рушди минбаъдаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла татбиқи саривақтии созишномаҳои қаблии байни роҳбарони ду давлат мувофиқа ва тасдиқшударо таъкид намуданд.
Дар ин замина аз робитаи зич ва ҳамкории судманди Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин фаъолияти самарабахши гурӯҳҳои дӯстии Тоҷикистон ва Чин изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ташаббуси стратегии Чин «Як камарбанд, як роҳ»-ро ҷонибдорӣ намуда, дар доираи он ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд, ки ба манфиатҳои аслии ду давлат ва мардумони бо ҳам дӯсти онҳо равона гардидааст, назари нек дорад.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо дар марҳилаи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба модели саноатию аграрии рушд, баланд бардоштани неруи инноватсионии истеҳсолот дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва амалигардонии лоиҳаҳои муҳими инфрасохториро бо истифода аз технологияҳои илмию индустриалии Чин мувофиқи мақсад ҳисобиданд.
Афзоиши бемайлони сармоягузории Чин дар Тоҷикистон, бахусус дар бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз қабили саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ бо қаноатмандӣ иброз гардида, ҳамчунин ҷонибҳо оид ба зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Чин, тақвияти иштироки доираи соҳибкории Чин дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, роҳу нақлиёт, обёрию беҳдошти замин ва тавсеаи долонҳои транзитӣ табодули андеша намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои фарҳангию гуманитарӣ, зиёд намудани шумораи бурсия ва стипендияҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Тоҷикистон ва ҷалби сармоя барои инфрасохтори сайёҳии Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва таҳдиду хатарҳои фаромиллӣ, бахусус вазъияти ноорому ташвишовари Афғонистон масъалаи таҳкими ҳамкории дуҷониба дар бахши амният, пурзӯр намудани талошҳои муштарак ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро зарур шумурданд.
Дар анҷоми мулоқот Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэнро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд, ки он бо самимияту хушнудӣ қабул гардид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ