image

Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм

date_range11.02.2023, 17:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye190

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар занону бонувони олимаву ихтироъкор, аспирантону магистрон, устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуда, дастоварду муваффақиятҳо ва пажӯҳишу ихтироотҳои илмии худро муаррифӣ намуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки Рӯзи байналмилалии занону духтарон дар илм бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид ҳамасола 11-уми феврал дар саросари ҷаҳон ба таври хоса таҷлил мегардад.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"