image

Рӯзи дарҳои кушод дар Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон

date_range27.02.2023, 15:01 chat_bubble_outline0 remove_red_eye258

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки васеи хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва литсею гимназияҳои ҳудуди шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ Рӯзи дарҳои кушод доир гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо шароит ва имкониятҳои Донишгоҳи мазкур ошно шуданд.

Дар ин рӯз беш аз 500 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои кишвар ба Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ворид гардиданд. Намояндагони донишгоҳ ба хатмкунандагон маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла, рӯзномаи донишгоҳӣ, буклет дастраси онҳо гардониданд. Сипас кормандони масъули донишгоҳ ба онҳо оид ба фаъолият, самту ихтисосҳо, базаи моддию техникӣ, шароити таълиму тарбияи донишгоҳ, студияи таълимӣ, Бонкӣ таълими ва ҳаёти донишҷӯӣ маълумоти муфассал доданд.

Зимни муаррифи таъкид гардид, ки айни ҳол дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазору 650 нафар донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори кишвар ва берун аз он таҳсили илм менамоянд. Зимни суҳбат бо хонандагон иброз гардид, ки, айни замон дар донишгоҳ устодони ботаҷриба аз рӯйи 34 ихтсоси барномаи бакалавр, 10 ихтисоси барномаи магистратура, 14 ихтисоси барномаи доктор PhD ва 6 ихтисоси барномаи таҳсилоти дуюми олии касбӣ ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Гуфтан ба маврид аст, ки Донишгоҳ айни замон бо донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷи кишвар низ ҳамкориро ба роҳ мондааст то донишҷӯёни кишвари мо дар донишгоҳои хориҷ низ таҳсили илм намоянд.

Маврид ба зикр аст, ки дар донишгоҳ гурӯҳҳои таҳсилоташ бо забони англисӣ ва русӣ дар зинаи бакалавр амал мекунад, ки ин метавонад баҳри забономӯзии донишҷӯён замина гузорад. Тавре зимни наворбардории гурӯҳи эҷодии мо мушоҳида гардид хонандагоне, ки ба ин донишгоҳ ворид мегардиданд бештар ба риштаи бонкдорӣ гумрук ва иқтисод мароқ зоҳир менамудад зеро ин боргоҳи илму маърифат мутахассисони ботаҷрибаро дар тӯли фаъолияти худ омода намудааст, ки айни хол дар соҳаҳои гуногун кор ва фаъолияти пурсамар доранд.

Баъди шиносоӣ дар толори асосии донишгоҳ вохӯрии роҳбарияти донишгоҳ бо хатмкунандагон доир гардид.

Ҷамъомадро роҳбарияти донишгоҳ, ҳусни оғоз бахшида, толибилмонро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт ва қайд намуд, ки ояндаи дурахшони ҳар як шахс аз интихоби дурусти касб вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, кӯшиш кунед, ки соҳибкасбу соҳибмаълумот гардида, ба халқу ватани азиз содиқона хизмат намоед.

Дар чорабинии навбатӣ дар баробари устодони Донишгоҳ намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти ҶТ ва Иттифоқи Тоҷикматлубот низ иштирок ва суханронӣ намуданд. Қайд гардид, ки ҳар як ҷавон бояд ифтихори миллӣ дошта бошад, ба қадри сулҳу салоҳ ва ободию осоиштагии ин ватани маҳбуб, ки онро Тоҷикистон ном аст, бирасад ва онро азизу муқаддас донад. Ҳозирин дар идомаи суҳбат ҷавононро ба илмомӯзӣ, ватандӯстию ифтихори миллӣ, истифодаи хуби техника ва техноголияи муосир ва дар баробари забони давлатӣ донистани на кам аз ду забони хориҷӣ даъват намуда, бо боварӣ иброз намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои тайёр кардани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир буда, шароиту имкониятҳои зиёд дорад.

Дар охир аз ҷониби садорати донишгоҳ миёни хонандагон озмун викторина доир карда шуд. Дар озмун хонандагон бо саволҳои пешниҳодгардида ҷавоб дода, сохиби туҳфахои хотиравӣ низ гардиданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"