image

IX-умин Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм” доир шуд

date_range27.02.2023, 16:28 chat_bubble_outline0 remove_red_eye231

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон IX-умин Конференсияи илмӣ-ҷумҳуриявии “Саҳми занон дар рушди илм”-ро баргузор намуд.

Конференсияи имсола дар ҳошияи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040” зери унвони “Саҳми занон дар рушди илмҳои дақиқ” таҳти раёсати Раиси Кумита доир гардида, дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, занону бонувони олимаву ихтироъкор, иштирок намуданд.


Дар 5 соли охир шумораи ихтироъкорон аз ҳисоби занон ба 210 нафар расида, соли 2022 аз 61 нафар занони ихтироъкор 5 нафар бо ихтирооти нодири худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори Шоҳҷоиза ва медалли тилло ва 2 нафар сазовори медали биринҷӣ гардиданд, ки дар рушди соҳаи илми муосири тоҷик саҳми назарраси худро гузошта истодаанд. 

Таҳлили ҳамасолаи мақолаҳои илмӣ нишон медиҳад, ки олимаҳову занони ихтироъкори тоҷик бо истифода аз техникаву технология ва воситаву абзори пешқадами таҳқиқоти илмӣ пайваста барои такмил додани сатҳу савияи дониш ва пажӯҳиши илмии худ кӯшиш намуда, тамоми нерӯи худро барои афзудани обрӯву эътибори илми тоҷик, фарҳанг ва маънавиёт, таблиғи ҷаҳонбинии илмӣ, мубориза бо таассубу хурофот, ифротгароиву мафкураи иртиҷоӣ равона менамоянд.

Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти саҳми арзандаи олимаҳову ихтироъкорон дар рушди илми муосир ва муаррифии дастовардҳои илми тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ як қатор занону бонувони соҳаи илму ихтироотро бо Ифтихорномаи Кумита сарфароз гардонид. 

Қандил Мардонов

"ТВ Душанбе"