image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ РӮЗИ МОДАР

date_range27.02.2023, 19:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye223

ш.Душанбе. 27.02.2023. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 феврали соли 2023, №49 “Дар бораи таҷлил намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе” ва арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгириву қадрдонии занону бонувон, имрӯз дар толори маҷлисии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ҷаласаи Кумитаи тадорукот баргузор карда шуд.

   Дар кори ҷаласа аъзои Кумитаи тадорукот, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе тасдиқ гардидааст, мутасаддиёни сохторҳои шаҳрӣ иштирок намуда, доир ба таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе вазифагузорӣ карда шуданд.

   Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар барои сазовор баргузор намудани ин ҷашн ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.