Қабули хонандагон ба сафи созмони талабагӣ дар Литсей барои хонандагони болаёқат
Ҳамасола 26-уми феврал дар ҳамаи муассисаҳои таълимии мамлакат ҳамчун рӯзи таъсисёбии Созмони Хонандагон таҷлил карда мешавад. Соли равон аз таъсисёбии ин созмон 23 сол пур мегардад.
Бахшида ба 23-солагии таъсисёбии Созмони хонандагон дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии бахшида ба таъсисёбии Созмони хонандагон дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе намояндагони Шӯрои ҷумҳуриявии Созмони хонандагон, собиқадорони соҳа, иштирокчиёни аввалин Конференсияи Ҳисоботиву интихоботии Созмон иштирок намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо гузориши роҳбари Созмони хонандагони Муассиса оғоз ёфта, суруди Дунёи Миллат аз ҷониби хонандагон садо дод ва дар идома хонандагони синфи панҷум бо ёд намудани савганд ба сафи зинаи Ворисони Сомониён қабул гардиданд.
Ба Ворисони Сомониён аз ҷониби меҳмонон ва омӯзгорони муассиса гарданбанд ва нишони сарисинагӣ, ки рамзи ҳастии Созмон мебошад, пӯшонида шуд.
Созмони хонандагони Муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ бо Қарори мушовараи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 таъсис ёфта, он расман аз соли 2000 ба фаъолият шурӯъ намудааст.
Созмони Хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ташкилоти худидораи хонандагон буда, ҳадафҳои асосии он тарбияи насли наврас, хоса мактаббачагон дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи гузаштаи пурифтихори миллати тоҷик, эҳтиром гузоштан ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ба ҷо овардани эҳтироми калонсолон, омӯзгорон ва падару модарон мебошад.
Созмони хонандагон ба воситаи се зина Ахтарон синфҳо (1-4), Ворисони Сомониён синфҳои (5-9) ва Сомониён синфҳои (10-11) фаъолияти худро амалӣ менамояд.
Созмон дорои Низомнома, Парчам, нишони сарисинагӣ, вимпел, гарданбанд ва Гимн (Суруди умуми) - Дунёи Миллат, ки дар асоси мебошад.
Ҳамчунин имрӯз дар Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат"дар шаҳри Душанбе «Рӯзи Худидора» эълон гардид, ки тамоми ҷараёни дарсҳо аз ҷониби хонандагони синфҳои болоӣ, аниқтараш аъзои зинаи Сомониён ба роҳ монда шуд.
Баъди маросими тантанавӣ оид ба фаъолияти дастаи созмони хонандагони Литсей бо иштироки меҳмонон дар толори муассиса ҳамоиш баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ 130 нафар хонанда синфҳои панҷум ба сафи зинаи Ворисони Сомониён ва 25 хонанди синфҳои 10-11 ба сафи зинаи Сомониён пазируфта шуданд.
Муассисаи давлатии таълимии "Литсей барои хонандагони болаёқат" дар шаҳри Душанбе дар самти ташкили корҳои тарбиявӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, аз ҷониби масъулон барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас пайваста тадбирҳо андешида мешавад.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ