image

“Паёми пешвои миллат - роҳнамо барои ояндаи дурахшон”. Бо чунин унвон дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ ҳамоиш доир шуд

date_range28.02.2023, 10:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195

Дар оғози ҳамоиши илмӣ, ки аз ҷониби кафедраи менеҷменти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи Паёми пешвои миллат-роҳнамо барои ояндаи дурахшон баргузор гардид, иброз шуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян гардида, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Дар идома аз ташаббусҳои пешгирифтаи сарвари давлат ёдоварӣ гардид. Иброз шуд, ки имсол ташаббуси панҷуми Тоҷикистонро, ҷомеъаи ҷаҳонӣ қабул кард. Ин аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон нуфузу эътибори хешро дорост.

Дар идома бо иқтибос аз паём гуфта шуд, ки “Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад. Зеро бо бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ҷомеа ба ҷойе намерасад.”

Дар ҳамоиш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби меҳмонону устодон банд ба банд мавриди таҳлилу барраси қарор гирифт.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"