Даври донишгоҳии озмуни ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар ДДТТ ба номи Абӯали ибни Сино
Ҳар як марҳилаи таърихи халқи тоҷик шахсиятҳои барҷастаро ба арсаи ҷаҳонӣ овардааст. Бобоҷон Ғафуров аз зумраи чунин шахсиятҳо ба шумор меравад, ки умри хешро дар ҷамъоварии таърихи пурғановати миллати тоҷик гузаронидааст. Ҳамин аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор карда мешавад. Даври донишгоҳии ин озмун дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷкистон ба номи А.Сино баргузор гардид.
Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ходими номдори давлатию сиёсӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияти худро ба гирдоварӣ ва бузургдошти таърихи миллати тоҷик ва манзури ҷаҳониён гардонидани он сарф намудааст. Яке аз дастовардҳои пурарзиши олим, ки ӯро абадан дар радифи алломаҳои бузурги миллат ҷой дод, шоҳасари безаволи ӯ «Тоҷикон» мебошад. Дар асоси Амри Президенти ҶТ Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» дар соли 2023 ба ифтихори 115 - солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор карда мешавад. Ҳоло даври муассисавии озмун идома дорад.
Дар ДДТТ ба номи А.Сино ба истиқбол аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баргузории Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» даври аввали он дар сатҳи зарурӣ баргузор гардид. Дар оғози озмун масъулини донишгоҳ суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз мо аз иқдомҳои наҷиби роҳбари давлат бо самимияти том истиқбол мегирем. Зеро иқдоми навбатии Пешвои миллат, воқеан, падидаи ниҳоят арзишманд, воқеаи беназир ва мондагор аст.
Дар озмун ҳам донишҷуён ва ҳам устодони донишгоҳ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иштироки фаъоли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар даври донишгоҳии Озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон»–оинаи таърихи миллат» қаблан дастурҳои мушаххас дода шуда буд ва шароити созгор барои он фароҳам гардидааст. Аз ин ҷост, ки он дар ДДТТ ба номи А.Сино дар сатҳи зарурӣ гузаронида шуд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ