image

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва омодагӣ ба мавсими нав

date_range02.03.2023, 10:07 chat_bubble_outline0 remove_red_eye172

Дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, масъулини осоишгоҳу табобатгоҳҳо ва ассотсиатсияву ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, инчунин дигар сохторҳои дахлдор ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Нахуст ҷаласаи кориро Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, мақсади мулоқотро ба ҳамагон фаҳмонид. Ҳамзамон муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода роҷеъ ба дастгириҳо ва рушди равнақи соҳаи сайёҳӣ, ки бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ ва пойтахт роҳандози гардидааст, изҳори назар кард.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Камолиддин Муминзод бо дахли вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон иброз намуд, ки сайёҳӣ ҳамчун соҳаи афзалиятноки иқтисодиёт дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Пешниҳоди имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба ширкатҳои навтаъсиси сайёҳӣ аз ҷумлаи дастагириҳои соҳа маҳсуб меёбад. Дар ҳамоиш мақсаднокӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳии кишвар ба талаботи муосир ва рақобатпазирии онҳо дар бозори сайёҳӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Масъулин аз афзоиши шумораи сайёҳон дар кишвар иттило доданд.

Кумитаи рушди сайёҳӣ, сохтору мақомоти марбута, аз ҷумла роҳбарони мақомоти маҳаллӣ ва субектҳои хизматрасониро муваззаф намуд, ки доир ба афзоиши саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисоди кишвар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудни хизматрасониҳо, дарёфти роҳҳои нави ташкили инфрасохтор, омода кардани роҳбаладони касбии донандаи забонҳои хориҷӣ, рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ, муаррифии ҳарчи бештари зарфиятҳои сайёҳии кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус рушди саёҳии дохилӣ табирҳои аввалиндараҷа андешанд.

Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"