image

Маҳфили омӯзишии “Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат” оғоз гардид

date_range02.03.2023, 11:48 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

Курси омодасозии "Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат" соли 5-ум аст, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” роҳандозӣ мегардад. Ин навбат маросими оғози курси мазкур дар толори Кумитаи миллии олимпӣ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва ҷавонони фаъол оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 50 нафар донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои олии кишвар ба муҳлати се моҳ ҷалб гардиданд.

Дар оғози чорабинӣ иброз гардид, ки Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошанд, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дунявӣ иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматзҳои бузурги тақдирсоз намудаанд.

Ҳамзамон, ба шунавандагони курси мазкур иброз карда шуд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат минбаъд аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардидааст.

Тибқи иттилоъ дар рафти баргузории курси мазкур маърӯзачиён аз ҳисоби роҳбарони аввали вазорату идораҳо даъват мегарданд.

Баъди хатми курси мазкур иштирокчиён бо шаҳодатномаи хатм сарфароз гардонида мешаванд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"