Ҷамъомади маърифатӣ бо ширкати занон-кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳо
Занони бонувони тоҷик имрӯзҳо дар ҳамаи бахшҳо фаъолияти назаррас доранд. Саҳми онҳо дар шукуфоиву ободии шаҳрамон низ қобили таҳсин аст. Зеро аксари кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳоро дар ноҳияҳои шаҳр занон ташкил медиҳанд. Ҳамарӯза барои ободӣ ва тозагии кӯчаву хиёбон кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Шоҳмансур саҳми назаррас мегузоранд. Бо инобати ин пайваста онҳо дастгирӣ меёбанд. Бо арҷгузорӣ ба хизмати пайвастаи онҳо аз ҷониби КИ ҲХДТ дар н.Шоҳмансур ҳамоиш бо ширкати занон-кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ташкил шуд.
Зимни баромади худ роҳбарияти КИ ҳизб дар н.Шоҳмансур, қайд намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Зеро маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ метавонанд бо сарбаландӣ иҷро намоянд. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳаминро эътироф намояд.
Дар баромади худ намояндаи КИ ҲХДТ дар ш.Душанбе таъкид намуд, ки сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки мақому манзалати зан дар ҷомеа баланд бардошта шавад. Дар замони навин ягон самти фаъолиятро бидуни ширкати фаъоли занон тасаввур намудан ғайриимкон аст. Хусусан саҳми онҳо дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар торафт афзун мегардад. Бо инобати он ки ҳамоиш дар кинотолори МД «Тоҷикфилм» баргузор шуд, аз ин рӯ дар идома филми ҳунарии «Охирин сайда сайёд» манзури ширкатдорон гардонида шуд.
Муҳтавои филм воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта дар марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бавуқӯъомадаро дар бар мегирад ва он аз ҷониби гурӯҳи филмофарон дар сатҳи касбӣ таҳия гардидааст. Мавриди зкир аст, ки корагрдони филм Муҳаммадрабии Исмоил аз корагрдонҳои ҷавон ва хеле пурталош аст, ки пайваста бо офаридани филмҳои бадеиву телевизионӣ барои рушди соҳа саҳми муносиби худро мегузорад. Ширкатдорон филмро хуш истиқбол намуданд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ