image

Маркази миллии тестӣ марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро оғоз намуд

date_range02.03.2023, 14:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye260

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якуми март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 оғоз кард. Ин марҳалаи номнависӣ дар 59-шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.

Марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 аз якуми март оғоз гардида, то 30-юми апрел идома хоҳад кард.

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар имтиҳоноти марказонидаи дохилшавӣ ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ва ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб шуда, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо барномаи “Интихоби ихтисос”-ро таҳия кардааст, ки ин навгонии соли ҷорӣ дар ду шакл: барои истифода дар телефонҳои ҳушманд ва ҳам компютерӣ омода карда шудааст.

Довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои пеш то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд.

Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ 2023, аз ҷумла истифодаи маҷмуаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашркардаи Марказ ва хизматрасонии “Худро бисанҷ” ёрирасон хоҳад буд.

Довталабонро зарур аст, ки фурсатро ғанимат дониста, кӯшишу талошҳои худро баҳри илмомӯзӣ бештар тақвият диҳанд ва бо истифода аз имкониятҳои мусоиди фароҳамбуда дар Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муваффақ шуда сазовори унвони донишҷӯ гарданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"