image

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ НУҲУМ ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНАМИНТАҚАВИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ, ДАР БАХШИ ДУШАНБЕ-МОСКВА

date_range02.03.2023, 21:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye213

ш.Душанбе.02.03.2023. Имконоти фаррохи сармоягузорӣ, ташакули механизми судманди тиҷоратӣ, тақвияти соҳа бо роҳи ҳавасмандгардонӣ ва як қатор омилҳои дигари рушди равобит имрўз дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, дар бахши Душанбе-Москва самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба матраҳ гардид. Дар ин бахш, ки ба муайянсозии имконот ва дурнамои рушди ҳамкориҳо байни шаҳрҳои Душанбе ва Москва нигаронида шуда буд, сармоягузорӣ, ҳамкориҳои мутақобилаи иқтисодӣ, низоми идоракунии иноватсионӣ ва комуникатсияи шаҳри баррасӣ гардиданд. Ҳамоҳангӣ барои татбиқи нақшаҳои мукаммали рушд. Имконот ва роҳҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияи муосир дар идоракунӣ бо намунаи иноватционӣ муаррифӣ гардида, дар раванди татбиқ мубодилаи таҷрибаи ҳамдигарӣ зарур дониста шуд. Душанбе-Москва бо самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба:-Ҳамоиши навбатӣ дар заминаи Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия дар баробари намояндагони расмии сохторҳои давлатӣ, ҳамзамон соҳибкорону сармоягузорон ва хосса муаллифони лоиҳаҳои муосири технологиву иноватсиониро дар идоракунии механизмҳои инфрасохторӣ ба ҳам овард. Душанбе: - пойтахти Тоҷикистон имрӯз чун шаҳри рӯ ба рушд ва татбиқкунандаи технологияи комуникатсионӣ бо дастоварду имконоти фарох таваҷҷуҳро ба худ ҷалб мекунад. Ин, аст ки дар доираи ҳамоиш бо такя ба навъовариҳо ва имконоти мавҷуда барои боз ҳам бештар ҷорӣ кардани технологияи иноватсиониву иттилоотӣ аз ҳарду ҷониб-Душанбе ва Москва лоиҳаҳои ҷадид муаррифӣ ва пешниҳод шуданд. Татбиқи тавафуқоти мавҷуда бо тасмимҳои нав – ин раванд, ки аз рўи шарикии боэътимоди байниҳам босубот идома дорад, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна имрўз низ бо нишондиҳандаҳо баҳогузорї мешавад.

    Дар доираи ҳамкориҳои мутақобила, имрўз низ намояндагиҳо омодагии устувор баҳри мубодилаи таҷриба баён намуданд. Дар ҳошияи бахши “Душанбе-Москва” - самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, роҳҳои густариш ва заминагузорӣ барои роҳандозии нақшаҳои нав бо дарназардошти имконоти сармоягузорӣ баррасӣ гардид. Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, соҳибкорону сармоягузорони тоҷику русро дар формати нав “Рў ба Рў” ба ҳам оварда, сатҳи кунунии равобити иқтисодиву тиҷоратиро миёни пойтахтҳои ду кишвари дорои муносибатҳои стратегӣ Тоҷикистону Русия низ таҳким хоҳад бахшид. Таҳкими босуботи равобит миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва, ки бо татбиқи барнома ва нақшаҳои иқтисодию тиҷоратӣ идома доранд, назаррас арзёбӣ мегардад, ин аст, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла энергетика, саноат ва нақлиёту комуникатсия аз рўи тарҳҳои судоварӣ тиҷоратӣ ба миён гузошта шуданд. Майдони ҳамкориҳо: Сармоягузорӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва самарабахшии иртибототи дуҷониба, ки дар ҳамоишҳои васе ва ҳам гуфтугӯи хосса дар формати В+В баррасӣ гардид, дар заминаи мулоқоти “Душанбе-Москва” самтҳои нави ҳамкориҳои дуҷониба, дурнамо ва ояндаи неки ҳамкориҳоро бо таваффуқоти навбатӣ асоснок гардонид.