image

«Модар фариштаи замину осмон». Зери ин унвон ҳамоиши маърифатии Кумитаи кор бо занон ва оила доир шуд

date_range03.03.2023, 10:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар фариштаи замину осмон» доир гардид.

Дар чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони кумитаву сохторҳои гуногун, собиқадорони мақомоти давлатӣ аз ҳисоби занон, бонувони фаъол ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии таълимии “Чароғи ҳидоят” иштирок намуданд. Зимни суханронии иштирокчиён гуфта шуд, ки ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд.

Зан-модар маҳзари ишқу покизагӣ ва олиҳаи ҳусну малоҳат аст. Ҳамин аст, ки дар кишвар ба мавқеи занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад Зан дар оилаи тоҷикон дар самти тарбия ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зимни баромади ширкатдорони ҳамоиш гуфта шуд, ки солҳои охир ҷиҳати боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини ҳаёти саодатмандонаву осудаи ҳар хонадони мамлакат, махсусан баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, эҳтирому арҷгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ гардидаанд.

Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бещтари занон дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ, иҷтимоиёту фарҳангӣ ва идоракунии давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз чандин санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд. Барномаи фарҳангиие ки бахшида ба Рӯзи модар ташкил шуда буд писанди ахли нишаст гардид.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"