Дар шаҳри Душанбе нахустин Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» доир гардид
Дар шаҳри Душанбе нахустин Анҷумани «Дружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии милитсия»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар кори он Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе, масъулини Раёсати мубориза бар зиди ҷиноятҳои муашаккили ВКД ҶТ, наздик ба ҳазор нафар «Дуружиначиёни ихтиёрӣ» ва «Кормандони ғайриштатии»-и милитсия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар оғози ҳамоиш роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе сухан карда қайд намуданд, ки робитаю ҳамкориҳои судманд бо аҳолӣ, иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятиро яке аз омилҳои асосии пешрафти кору фаъолияти мақомоти корхои дохилӣ шумориданд.
Таъкид гардид, ки ин робитаю ҳамкориҳо бояд дар асоси боварӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва дастгирии мутақобила ба роҳ монда шавад. Зикр намуданд, ки қишри муҳими ҷомеаро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон, ки қувваи асосӣ, фаъол ва пешбаранда дар ҷомеа мебошанд, аз ин лиҳоз пеш аз ҳама ба онҳо такя намуда, ҳамкориро ба роҳ гузоштан зарур аст.
Дар ҷараёни анҷуман бо ибтикори Сардори раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тӯйи домодии корманди ғайриштатии корманди миллитсия Неъматов Бахтовар, ки ҷавони фаъолу пешқадам башумор меравад дар вазъити тантанавӣ маросими ақди никоҳ доир карда шуд. Аз ҷониби ҳозирин ба як қатор фаъолон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон барномаи консертӣ намоиш дода шуд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ