Баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои тундгаро дар ноҳияи Шоҳмансур вохӯрӣ доир шуд
Шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва гуруҳҳои тундгаро аз ҷумлаи амалҳои номатлуби инсонӣ мебошад. Баҳри пешгирии чунин амалҳо аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва нозирони минтақавӣ вохӯрӣ бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 35-и н.Шоҳмансури пойтахт баргузор гардид.
Зимни баромади намояндагон аз ВКД ҶТ гуфта шуд, ки имрӯз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хамеша пайи суботу созандагӣ нигаронида шуда, барои ҳар як шаҳрванд шароити арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст. Имрӯз ҷавонон бояд бо дарки масъулият, саддоқату дӯстӣ, якдиливу эҳсоси ҳамдигарфахмӣ эҳтироми халқияту миллатҳои гуногуни сайёраро қарзи виҷдонии хеш шуморанд. Ифтихори мо Ватани мост, модари мост, осудагиву ваҳдат ва истиқлоли мост, сарвари хирадманду сулҳофари мост. Мо такягоҳ ва татбиқгари ҳадафу сиёсати сулҳофару созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будем, ҳастем ва мемонем қайд гардид, зимни баромади иштирокчиён.
Инчунин гуфта шуд, ки ҷавонони имрӯза дар паҳлуи тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳукуқ қарор дошта, вобаста ба ҳама гуна омилҳое, ки ба суботу амнияти кишвар халал мерасонанд, муборизаи беамон бурда, тамоми нерӯ ва ҳастии худро баҳри ояндаи давлати ҷавонамон равона мекунанд.
Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ