image

Машварати омӯзишӣ доир ба таҳкими оила дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон

date_range03.03.2023, 14:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

Дар заминаи нақшачорабиниҳои сохтору мақомоти марбута пайваста дар муассисаҳои олии таълимӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд ташкил мегардад. Ин навабат аз ҷониби масъулини Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ҳамоиши донишҷӯдухтарон баргузор шуд.

Оилаву суннатҳои он, пос доштани арзиши ин фарҳанг змини як ҳамоиш дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон мавриди баҳсу баррасии ширкатдорон қарор гирифт. Ҳамоиш аз ҷониби сохтору мақомоти марбутаи ноҳияи Сино, хоса Шуъбаи кор бо занон ва оила созмон дода шуд. Зимни пешниҳоди маърӯзаи худ роҳбари Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Сино вобаста ба таҳкими оила ва ҳифзи он дар ҷомеаи муосир андешаронӣ намуд. Зикр рафт, ки ҷавонон бояд барои пойдории оила талош намоянд, ки муҳимтарин омили он ҳамдигарфаҳмӣ аст.

Ҳаминтарф дар раванди ин ҳамоиши маърифатӣ дигар самтҳои фаъолияти занон дар ҷомеа мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт. Масъулини Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино нақшачорабиниҳо таҳия намуда, баргузории чунин ҳамоишҳоро дар оянда низ ба нақша гирифтааст.

Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"