Баргузории Рӯзи дарҳои кушод дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе
Баҳри ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷу литсейҳо, барогузории Рӯзи дарҳои кушод амри зарурӣ мебошад, зеро бо баргузор намудани ин гуна ҳамоишҳо хонандагон аз шароиту имконоти муассисаҳои таълимӣ дидан менамоянд. Дар баробари дигар донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар роҳбарият ва устодони Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе низ Рӯзи дарҳои кушодро дар коллеҷ баргузор намуданд, ки дар он шумораи зиёди хонандагон аз муассисаҳои таълими шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ иштироки фаъол доштанд.
Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли ҷорӣ бо мақсади такмили нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2023-2024 дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд, ки ба он бештар аз 600 нафар хонандагони синфҳо 9 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ҷалб карда шуданд. Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе 2 факултет, 5 кафедра, 5 шуъба, 5 бахш ва 3 марказ амал менамояд. Ҳамзамон дар муассисаи таълимӣ 45 синфхона, 5 озмоишгоҳ, 5 устохонаи таълимӣ, 1 китобхонаи электоронӣ, 1 синфхонаи лингафонӣ ва дигар синфхонаҳо мавҷуд мебошад.
Ҳамзамон дар давоми чорабинӣ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо шароитҳои таҳсилу зист дар коллеҷ, имкониятҳои таълим дар факултетҳо ва марказу шуъбаҳо аз наздик шинос гашта, барои интихоби касби оянда бо онҳо суҳбатҳои ҷолиб баргузор карда шуд.
Дар коллеҷ дар баробари дигар ихтисосҳо курси кӯтоҳмудати хунармандӣ барои донишҷӯдухтарон роҳандозӣ гардидааст, ки духтарон дар муддати ду моҳ тамоми нозукиҳои касбу ҳунарҳои пухтупазро аз худ мекунанд.
Муҳлати таҳсил дар шуъбаи рӯзона дар заминаи синфи 9 чор сол, дар заминаи синфи 11 се сол ва шуъбаи ғоибона се сол буда, хатмкунандагони Коллеҷ соҳиби маълумоти миёнаи касбӣ мегарданд. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона бо хобгоҳ ва идрокпулӣ таъмин карда мешаванд.
Зимни муаррифи таъкид гардид, ки айни ҳол дар Коллеҷи муҳандисию омӯзгории шаҳри Душанбе беш аз ҳазор нафар донишҷӯён аз тамоми гӯшаву канори кишвар таҳсили илм менамоянд, ки ба онҳо омӯзгорони ботаҷриба дарс мегӯянд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ