image

ОҒОЗИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД, БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range04.03.2023, 09:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye225

ш.Душанбе.03.03.2023. Бо мақсади иҷрои нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши пойтахт, кӯшодашавии мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони касбу кори гуногуни сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ” баргузор гардид.

Дар ҷараёни чорабинӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаи мазкурро барои иштироки фаъолона табрик намуда, ба ҳар як даста барору муваффақият таманно намуданд. 

Ҳамчунин қайд карда шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур пеш аз ҳама ҷалб намудани кормандони касбу кори гуногуни сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба варзиш ва ҷалб намудани онҳо ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои гуногун, махсусан бемории фарбеҳӣ, мусоидат дар рушди тарбияи ҷисмонию варзиш маҳсуб меёбад.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқаи мазкур 35 дастаи футболбозон аз сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷалб гардида, ин мусобиқа аз 3 март то 30 марти соли 2023 идома меёбад.

Қайд менамоем, ки ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо медалу диплом, маблағҳои пуллӣ ва “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ки аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе омода гардидаанд, сарфароз гардонида мешаванд.