БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “СИМОИ МИЛЛӢ ВА ҲУВИЯТИ ЗАНОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
ш.Душанбе. 04.03.2023. Дар бораи Зан-Модар ва мақоми ӯ дар ҳаёти башар бузургони илму адаб, ходимони барҷастаи давлатӣ ва сиёсатмадорони номӣ, уламои баргузида зиёд гуфтаанд ва ба қалам додаанд. Дар тӯли асрҳо ва мавҷудияти насли башар Зан-Модарро гоҳ бо ситоишҳои зиёд ба арши аъло бароварда, гоҳ гирифтори хориву залолатҳо гардонидаанд, нисбат ба ӯ гоҳ шафқат ва гоҳ бешафқатӣ зоҳир намудаанд.
Дар ин доира бо ибтикори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе дар Китобхона миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Симои миллӣ ва ҳувияти занон дар таълимоти Пешвои миллат» миёни собиқадорон, коршиносон, олимону сиёсатмадорон ва фаъолзанону ҷавонон баргузор шуд.
Сиёсати давлатии бонувон дар мадди назари Ҳукумат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд. Бори дигар ба падару модарони азиз муроҷиат карда, аз онҳо хоҳиш менамоям, ки ба таълиму тарбияи фарзандон аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд-таъкид шуд дар идомаи конференсия.
Бояд қайд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст.
Ҳуқуқҳои занон қисми таркибии ҳуқуқҳои умумии инсон мебошанд. Фароҳам овардани шароит барои иштироки ҳамаҷониба ва баробарии занон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ