image

Саҳми занон дар рушду пешрафати идоракунии давлат

date_range06.03.2023, 21:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye233

«Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад»-таҳти ин унвон бо ташаббуси шуъбаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи занону бонувони собиқадори меҳнат миззи мудаввар баргузор гардид. Дар раванди чорабинӣ саҳми занон дар рушду пешрафати идоракунии давлат мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт.

Дар оғози чорабинӣ иброз дошта шуд, ки боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақш ва мақоми зан ҳамчун як қишри муҳимми ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта шуда, дар ҷомеа як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба тавсиб расидааст.

Таъкид гардид, ки солҳои охир фаъолнокии занони мо дар соҳаҳои маориф ва илм, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва сиёсат нисбат ба солҳои гузашта бештар ба назар мерасанд.

Руқия Қурбонова, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ зимни суханронии худ таъкид намуд, ки занон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат қарор дошта, ба мақом ва мартабаи зан-модар ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.

Боиси тазаккур аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мавқеи иҷтимоии занон дар кишварамон 20 санади муҳимми давлатӣ қабул гардид, ки соли 2014 бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳонӣ -Созмони Милали Муттаҳид кишвари моро узви Комиссияи доимоамалкунанда оид ба мақоми зани Созмони Милали Муттаҳид интихоб кард.

Гавҳар Шарофзода, зимни маърузаи худ иброз дошт, ки зан-модар, ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фараҳбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад. Зеро модари тоҷик ҳазорҳо фарзандони бо нангу номус, паҳлавони ҷасур, абармардони хирадманду фарзона ва фидокору номбардори миллатро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати худ тарбият карда ба камол расонидааст ва онҳоро дар роҳи хизмат ба Ватан ва хизмат ба инсоният дуо додааст. Аз ин хотир дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст.

Хаминтавр дигар масъалаҳои вобаста ба саҳми занон дар рушди бахшҳои ҷомеа мавриди баррасии ширкатдорони ҳамоиш қарор дода шуд.