Ба хотири арҷгузорӣ ба мақоми зан-модар дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар ҳамоиши навбатии устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон меҳмонон аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ ва дигар нафарони масъул иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинии тантанавиро, ки ба муносибати «Рӯзи модар», дар ин боргоҳи илму маърифат баргузор шуд, ректори донишгоҳ бо суханони шодбошӣ нисбат ба занону модарон оғоз намуд. Номбурда таъкид дошт, ки «Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқу ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Роҳбарияти донишгоҳ дар идома афзуд, ки имрӯз зан-модари тоҷик дар арсаи корзор баробари мардон кору фаъолияти пурсамар дошта, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда мегузорад.
Қобили зикр аст, ки дар ҳар Паёмашон ба Маҷлиси олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз менамоянд, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумати мамлакат ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ амалӣ менамояд.
Дар идома намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумат ҶТ ба сухан баромада, қайд намуцд, ки имрӯз дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамалкат нақши занону бонувон бориз арзёбӣ мешавад.
Таъкид гардид, ки дар раванди амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии занону бонувон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳам ба ин масъала таваҷҷуҳи зарурӣ равона намудааст. Ин аст, ки алҳол дар ин муассиса беш аз 190 нафар занону бонувон фаъолият менамоянд ва роҳбарияти муассиса ҷиҳати беҳтаргардонии шароити иҷимоии онҳо тадбирҳои муассир равона месозад. Изҳори боварӣ шуд, ки занону бонувони Донишгоҳ тамоми саъю кӯшиши худро баҳри тарбияи дурусти ҷавон ва омодасозии мутахассисони баландихтисос сарф менамоянд.
Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ба якчанд нафар бонувон ва кормандзанони донишгоҳ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Дар қисмати баъдии чорабинии тантавнвӣ ба хотири таъмини фароғату истироҳати аҳли толор, барномаи фарҳангӣ, ки аз тарафи сарояндагони саршиноси кишвар ва дастаи ҳаваскорони донишгоҳ таҳия шуда буд, пешкаш гашт.
Барномаи омодакардаи донишҷӯёни донишгоҳ аз бахшҳои ҷолиб, саҳначаҳои тарбиявию ҳаҷвӣ ва ироаи шеъру таронаҳо дар ситои зан-модар иборат буда, мавриди пазироии самимии иштирокчиёни чорабинӣ гардид.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ