image

Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ҷараён дорад

date_range10.03.2023, 13:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye248

Дар марҳилаи аввали мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе рақобатҳо ҷолиб сурат мегиранд. Барои ба даст овардани роҳхат ба марҳилаи баъдии ин мусобиқа як қатор дастаҳои валейболбозони бонувони вазорати кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо миёни ҳам рақобат намуданд. Чун солҳои қаблӣ имсол низ Мусобиқаи волейбол миёни бонувон барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе дар сатҳу сифати хуб ҷараён дорад.

Масъулини Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе ҳамчун масъули ташкил ва баргузории мусобиқаи мазкур барои ширкатдорон шароити заруриро фароҳам намудаанд. Ҳамин аст, ки раванди баргузории ин чорабинии варзишӣ дар сатҳи зарурӣ қарор дорад ва аз рӯйи нақшаву тартиб дастаҳо миёни ҳам вориди сабқат мешаванд. Ширкатдорони мусобиқа аз ташкили он қаноатманд буда, хостори ташкили бештари ҳамингуна чорабиниҳои варзишианд.

Маврид, ба зикр аст, ки мусобиқа бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳайёти солим, миёни бонувон, рушди намуди волейбол, дар сатҳи баланд таҷлили намудани Наврузи байналмилали ташкил гардидааст. Ҳамзамон бо ин роҳ МИҲД шаҳри Душанбе мехоҳад, ки ҳарчи бештар занону бонувон аз утоқҳои корӣ ба толорҳои варзишӣ ҷалб гарданду саломатии худро беҳтар созанд. Зеро варзиш гарави саломатист. Гуфта мешавад, ки баргузории ҳамингуна мусобиқаҳо ва ҷалби бонувон ба он барои рушду оммавияти бештари варзиш мусоидати фаъол менамоянд.

Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"