image

Ифтитоҳи марказҳои нав дар факултаи молиявию иқтисодии ДМТ

date_range10.03.2023, 15:06 chat_bubble_outline0 remove_red_eye351

Бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар факултаи молиявию иқтисодии донишгоҳ як чанд марказ ва озмоишгоҳҳои илмиву таълимӣ ифтитоҳ гардиданд. 

Дар расми кушодашавии марказҳои илмию таълимӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, садорати факултетҳо ва сохторҳои зертобеъи донишгоҳ иштирок доштанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар таърихи факултет ин иқдоми аввалин буда, ҷиҳати беҳтар гардонидани низоми таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.

Ин марказ, ки бо навтарин дастгоҳҳои соҳавӣ ва имкониятҳои васеъи корбарӣ ташкил ёфтааст аз ин ба баъд барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ, омузишҳои илмӣ ва гузаронидани татиқотҳои гуногун вобаста ба молияву иқтисод имконияти муосидро фароҳам овардаву раванди таълимро дар Донишгоҳи миллӣ боз ҳам замонавиву мутобиқ ба талаботҳо месозад. Дар як рӯз дар назди факултаи молия ва иқтисоди донишгоҳ ду адад чунин Маркази таълимӣ-илмӣ, татқиқотӣ ва маркзи тестӣ ба фаъолият оғоз кард ва ғайр аз ин дар назди тамоми кафедраҳо факултет 6-тои дигар марказҳои машваратию озмоишгоҳҳо ифтитоҳ гардиданд.

Ин иқдоми роҳбарияти донишгоҳ дар ҳоли пайдошавии талаботҳои зиёд ба раванди муосири таълиму тарбия ва истифодаи фановарҳиҳои техникӣ ҳангоми дарсгуфтан ба донишҷуйён айни муддаҳо буда, имконият медиҳад, ки дар факултаи молиявию иқтисодӣ бо назрдошти хостаҳои бозори меҳнат мутахассисон омода карда шавад.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"