image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ ЗАРУРӢ БАРГУЗОР НАМУДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ ДАРПЕШИСТОДА

date_range10.03.2023, 18:30 chat_bubble_outline0 remove_red_eye195

ш.Душанбе. 10.03.2023. Имрӯз бо мақсади амалӣ намудани қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ҷиҳати дар сатҳи зурурӣ баргузор намудани чорабиниҳои дарпешистода; Гӯштини байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе, Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба Слалом, Фестивали байналмилалии Наврӯз ва фестивали дӯстии ҷавонон ҷаласаи корӣ доир карда шуд.

Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим бо иштироки роҳбарияти сохторҳои дахлдори шаҳрииву ҷумҳуриявӣ доир гардид.

Қайд бояд намуд, ки ҳамасола дар тамоми манотиқи кишвар, бахусус шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашни аҷдодии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ, ҳамоишҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳо бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.

Дар маҷлиси навбатӣ нахуст масъалаҳои марбут ба таҷлили чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои дарпешистода аз ҷумла, баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом таҳти унвони «Тоҷикистон слалом опен» дар шаҳри Душанбе, инчунин 4-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023, сеюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” ва Фестивалҳои бозиҳои миллии варзишӣ дар майдончаҳои варзишӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.