Таҷлили «Рӯзи матбуот» ва қадрдонии кормандони соҳа
11 март аз нашри нахустин рӯзномаи тоҷикӣ-Бухорои Шариф 111 сол пур шуд. Дар кишвар рӯзи нахустини нашри ин рӯзнома ҳамчун Иди касбии кормандони васоити ахбори омма ҳамасола таҷлил мегардад.
Зимни баргузории як ҳамоиши тантанавӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ширкати кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат иди касбии журналистон-Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанги ҶТ, Иттифоқи журналистони мамлакат ба кормандони расонаҳои хабарӣ ва корхонаҳои табу нашр унвони Аълочии фарҳанг ва матбуот, ифтихорнома, ва ба собиқадорон мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ дар бахши таҳқиқу пажӯҳиш, матбуот, телевизион ва радио ба чанде аз кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат тақдим карда шуд.
Роҳбарон ва намояндагони шабакаҳои телевизионӣ низ дар ҷамъомади тантанавӣ иштирок намуда, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик барои саҳмгузорӣ дар инъикос ва таҳлилу баррасии мавзуъҳои соҳавӣ бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд. Зимнан Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» низ бо сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ