image

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

date_range13.03.2023, 15:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye311

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд.

Навсозии роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе сурат гирифта, барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт, дучарха ва пиёдагардон мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит фароҳам оварда мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хушҳолӣ аз иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе дар самти бунёди роҳу пул ва гузаргоҳҳои замонавӣ коргарону мутахассисонро барои иҷрои саривақтию босифати корҳо вазифадор намуданд.

Дарозии роҳ 6,6 километрро ташкил намуда, аз ду самт барои воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат сохта мешавад. Дар қисматҳои алоҳидаи роҳ ду хати алоҳидаи дигар барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар оянда 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ сохта мешавад. Роҳҳои дусатҳа дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахссисонро ба иҷрои босифати корҳо ҷалб намуда, супориш доданд, ки роҳ дар муҳлати 2,5 сол мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва тинҷию оромии Ватани маҳбуб иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шаҳрдорӣ ба ҳамин гуна бунёду ба истифода додани роҳҳои замонавӣ мусоидат мекунад, ки беназир аст.

Ҳамзамон дар ҳамин рӯз техникаю механизмҳо ва масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоров истифода мегардад, муаррифӣ карда шуд. Қисми зиёди масолеҳи сохтмонии истифодашаванда, аз ҷумла тахтасангҳои оҳану бетонӣ, қубур бо андозаҳои гуногун, асфалт дар шаҳри Душанбе истеҳсол карда мешавад. Дар маҷмуъ масолеҳи сохтмоние, ки барои бунёди роҳ истифода карда мешавад, ба ғайр аз битум пурра истеҳсоли ширкатҳои ватанӣ мебошад. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ техникаву механизмҳои муосир истифода карда мешавад.

Бунёди роҳи кӯчаи Қаҳҳоровро Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто-гурӯҳ» анҷом медиҳанд.

Навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров бо сохти меъморӣ, имконияти васеи хизматрасонӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон дар доираи иқдомҳои шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои супориши Роҳбари давлат барои ба шаҳри пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат амалӣ мешавад. Амалишавии чунин лоиҳа бо 5 роҳи дусатҳаву имконияти васеъ барои ҳаракати нақлиёт, роҳи махсус барои нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха ва пиёдагардон дар шаҳри Душанбе бори аввал сурат мегирад.

Сохтмони роҳ аз хиёбони Саъдӣ Шерозӣ то даромадгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани имконияти хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт мусоидат мекунад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди роҳ, пул ва гузаргоҳҳои дусатҳаи замонавиро дар шаҳри Душанбе намунаи асосии амалишавии нақшаҳои Ҳукумати мамлакат аз ҷониби шаҳрдорӣ ҷиҳати пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ арзёбӣ карданд.

Зимни муаррифии нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот дода шуд, ки бунёди роҳҳои чанд кӯчаву хиёбон ва гузаргоҳҳои дусатҳа оғоз мегардад.

Сохтмони роҳҳои дусатҳаи кӯчаи Қаҳҳоров дар буриши хиёбони Неъмат Қарабоев, дар буриши кӯчаи Соҳилӣ бо навсозии пули болои дарёи Душанбе, дар буриши кӯчаи Қаҳҳоров бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва дар буриши хиёбони Саъдӣ Шерозӣ бо Садриддин Айнӣ бо навсозии пули роҳи оҳан оғоз мегардад. Ҳоло охирон корҳо барои асосноккунии техникӣ идома дорад.

Ҳамзамон дар оянда бунёди роҳ аз кӯчаи Қаҳҳоров то дарвозаи Шарқӣ бо дарозии 11,2 километр, 8 хати ҳаракат аз ду самт ва як роҳи дусатҳа, сохтмони роҳ аз маҳаллаи Чортут то маҳаллаи Чиртаки шаҳри Ваҳдат бо дарозии қариб 40 километр бо 6 хати ҳаракат аз ду самт, як пул ва 4 гузаргоҳи дусатҳа дар назар аст.

Имрӯз дар доираи иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳадафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба бунёди роҳу пул ва гузаргоҳҳои дусатҳаву сесатҳае равона карда шудааст, ки хизматрасонии роҳу нақлиётро дар пойтахти мамлакат ба талаботи ҷаҳонӣ мутобиқ мегардонад.