image

Баргузори мусобиқаи футболи хурд дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ

date_range14.03.2023, 11:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye230

Бо мақсади ҷалби корманди касбу кори гуногун ба тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти намудҳои гуногуни варзиш аз ҷумла футбол ва татбиқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар доираи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ миёни кормандони корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ доир шуд.

Бозиҳои дастаҳо дар майдончаи варзишии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино доир гашта, масъулин мақсади асосӣ аз доир намудани ин мусобиқаро дар муайян намудани дастаи мунтахаби футболи ноҳияи Исмоили Сомонӣ маънидод намуданд.

Гуфта мешавад, ки тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бахши таркибии маҷмӯи маданият ва як соҳаи фаъолияти иҷтимоӣ буда, барои таҳкими саломатӣ, рушди ҳамаҷонибаи қобилияти ҷисмонии инсон равона гардидааст. Барои роҳхат гирифтан ба даври финалӣ, ва сазовори номи тими беҳтарин гаштан дастаҳо рақобати солимро ҷори намудаанд. Зеро танҳо ғолибон имкон доранд, ки туҳфаҳои муайянкардаи масъулинро сазовор шаванд. Аз рафти рақобат миёни дастаҳо доварон назорат бурданд.

Дар мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони корхонаву идора ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти Ҷоми раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ кормандон дар ҳайати 10 даста миёни ҳам рақобат менамоянд. Дар рӯзи аввали баргузории мусобиқа дастаҳои футболбози БДА ҶТ «Амонатбонк» ва Раёсати истифодабраии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ миёни ҳам бозии дӯстонаро анҷом доданд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"