image

ҲАМОИШИ ШАҲРИИ ҶАВОНОН ТАҲТИ УНВОНИ «ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ НАҶОТБАХШИ САЙЁРА ВА ТАЪМИНГАРИ ҲАЁТИ ОСОИШТА»

date_range14.03.2023, 19:11 chat_bubble_outline0 remove_red_eye270

ш.Душанбе. 14.03.2023. Дар доираи доираи Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2023, №128 “Дар бораи баргузор намудани сеюмин Фестивали дўстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» Ҳамоиши тантанавӣ доир гардид. 

   Ҳамоиш бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, қисмати тантанавии онро о сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ифтитоҳ намуд.

Дар идома муоинии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Парвиз иштирокчиёни Фестивалро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда, баргузории Фестивалро намунаи олии чорабиниҳои муҳими наврӯзи бо чалиб ҷавонони хориҷи кишвар арзёбӣ намуд.

   Дар идома вобаста ба “Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва инъикоси осорхонавии он” ва “Ҷамбаҳои сиёсӣ ва фарҳангии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаҳои обу иқлим”” аз ҷониби Директори Осорхонаи миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳимзода Зафаршо Сафо ва сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулло Раҳнамо дар мавзӯи “Ҷамбаҳои сиёсӣ ва фарҳангии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масъалаҳои обу иқлим” маърӯза карданд.

   Аз ҷумла таъкид гардид, ки, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст. Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома, пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:

- Эълон гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

- Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;

-Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо;

- Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе.

Дар фарҷом мурољиатномаи иштирокчиёни Фестивали дўстии ҷавонон таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ” қироат гардид.