Оғози мусобиқаи варзишӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди "Гуштини миллӣ – гӯштингирӣ» ва "Шоҳмот" барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Ин чорабинии варзишӣ дар доираи иҷрои "Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026" ва "Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷараён гирифта, дар он беш аз 100 нафар донишҷӯён аз 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок доранд.
Таъкид гардид, ки тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бозиҳои миллии варзишӣ, аз ҷумла гӯштини миллӣ – гуштингирӣ аз нав эҳё гардида, ҳамакнун мақоми байналмилалиро касб намуд.
Бо мақоми байналмилалиро касб намудани ин бозиии варзишии миллӣ имкон медиҳад, ки дар дили наврасону ҷавонон эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ тақвият дода шавад ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон бештар муаррифӣ гардад. Таҳияи либоси варзишии ягонаи гӯшингирӣ, қоидаҳои нави гӯштингирӣ, баргузор намудани мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ аз заминаҳои рушди ин бозии миллӣ дар солҳои охир арзёбӣ шуд.
Иштирокчиёни мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди "Гуштини миллӣ" барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз рӯи 7 вазн миёни ҳам рақобат карданд. Мусобиқаи "Шоҳмот" ҳам дар миёни иштирокчиён дар даврҳои гуногун сурат гирифта, ғолибони мусобиқаҳо дар ҷамъбаст бо Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дигар туҳфахо қадрдонӣ карда мешаванд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ