Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар ДМТ
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар мавзӯи «Робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчн асоси рушди иқтисоди миллӣ» дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30 майи соли 2022 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ду кишвар ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд. Таъкид гардид, ки дар замони ҷаҳонишавӣ робитаҳои зичи таърихӣ донишгоҳҳо ва марказҳои таълимии якдигарро ба ҳам мепайвандад ва ҳамкориҳои имрӯзаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон метавонад барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ бештар фаъол бошанд.
Нақши калидии сарои ду давлат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рушди муассири равобити ҳамаҷонибаи кишварҳо, инчунин муайян ва татбиқи стратегияи рушди онҳо махсус таъкид гардид. Иброз шуд, ки робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Ӯзбекистон имрӯз заминаи боэътимоди таҳкими муносибатҳо дар дигар соҳаҳои муҳим, аз ҷумла илм, маориф, технологияҳои олӣ ва инноватсия мебошанд. Низоми таҳсилоти олӣ ва ташаккули фазои ягонаи башардӯстона асосии рушди ҳамкории кишварҳои ду шарики стратегӣ маънидод гардид.
Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон намояндагони беш аз 20 муассисаи таҳсилоти олии кишвари ҳамсоя ва зиёда аз 30 донишгоҳи ватаниро ба ҳам овард. Изҳори итминон карда шуд, ки ин тадбир ба як анъанаи хуб ва дарозмуддат ва ба майдони муҳими баррасии муштараки ҷанбаҳои мушкилоти соҳаи таҳсилоти олии ду кишвар табдил хоҳад ёфт. Тавре зикр гардид, ин ҳамоиш ба таҳияи равишҳои муштарак ҷиҳати рафъи монеаҳои мавҷуда барои ҳамкории муассир бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекистон мусоидат мекунад. Ба андешаи иштирокчиён форум ба самтҳои илм, таълим ва инноватсион такони нав бахшида, марҳалаи муҳими рушди муносибатҳои ду кишварродар самтҳои ҳамкорӣ боз хоҳад кард.
Ҳадаф аз Форум тавсеаи ҳамкориҳои донишгоҳҳои ду кишвар дар самти омӯзиш, таҳияи барномаҳои табодули донишҷӯён, табодули академикӣ миёни донишгоҳҳо, роҳандозии равобити илмии Тоҷикистону Узбакистон, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани кадрҳо ва таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ арзёбӣ гардид. Дар доираи форум якчанд созишномаю шартномаҳо оид ба ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо расонда шуд.
Иштирокчиёни форум ҳамчунин аз Осорхонаи Пешвои миллат ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, дидан намуданд. Дар Осорхонаи Пешвои миллат нигораҳои давраи таҳсили Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм гирд оварда шуда, Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат соли 2022 бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории ин шахсияи таърихӣ таъсис ёфтааст.
Ҳакимзода Раҳим
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ