Боздиди иштирокчиёни Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе аз Қалъаи Ҳисор
Дар рӯзи дуюми Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» иштирокчиёни он, ки аз ҷавонони фаъоли шаҳри Душанбе ва донишҷӯёни хориҷие, ки дар пойтахти мамлакат таҳсил менамоянд иборат буд, ба қалъаи Ҳисор ташриф оварданд. Дар назди ин мавзеъ меҳмононро хуб пазироӣ намуданд.
Ҷои таъкид аст, ки Қалъаи Ҳисор ҳамчун шоҳиди бузурги корнамоии аҷдодон, ёдгоре аз шаҳрҳои бостон, нишонае аз аҳди Ҳахоманишиҳо намунаест аз даврони пуршаъну шон аз аҳди Сосониёну Сомониён ба ҳисоб меравад.
Сипас иштирокдорон ба мактаби Президентии шаҳри Ҳисор ворид шуданд. Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Ҳисор ҳамаи меҳмононро ба ин макон хайрамақдам гуфта таъкид дошт, ки муҳайё намудани шароити арзанда барои ҷавонони кишвар ва дар шароити муосир омӯхтани донишҳои замонавӣ аз қабили техникаву технология, бозгу аз он менамояд, ки ин табақаи ҷомеа зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарор доранд. Ҳамин аст, ки имрӯз саҳми ҷавонон дар пешбурди ҷомеа назаррас аст. Ҳаминтавр миёни ширкатдорон ва меҳмонони чорабинӣ доир ба мавзуъҳои гуногун гуфтугуи судманд сурат гирифт. Дар фарҷом аз ҷонби раёстаи фарҳанги шаҳри Ҳисор намоиши фарҳангӣ тақдим карда шуд.
Ҳамчунин тибқи барнома дар ин рӯз иштирокчиён аз вазъи буду боши сарбозони қисми ҳарбии 0123-и Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ шинос гардиданд. Дар ҷараёни он ҷавонон аз осорхонаи ин қисми низомӣ дидан намуданд. Ин тадбир барои тақвияти ҳисси худшиносии ҷавонон мусоидати фаъол менамоянд. Аз ин рӯ дар барнома саёҳати ширкатдорон ба қисмҳои низомӣ низ ҷой шудааст.
Дар охири рӯз театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов баҳри иштироккунандагони Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе намоишномаи «Таъбири ишқ» пешниҳод гардид. Намоишномаи «Таъбири ишқ» дар асоси достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низоми Ганҷавӣ омода гардида, дар таҳияи коргардони Театр Ҷовидон Аминзода ба саҳна гузошта шуд ва писанди ҷавонон гардид.
Меҳроб Рауфзода
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ