Баргузории аксияи тозагӣ таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман”
Тасмими роҳандозии аксияи тозагӣ таҳти унвони “Саҳми ман дар шаҳри ман” имрӯз ҳамагонро дар кӯчаву хиёбон ва гулгашту мавзеъҳои истироҳативу назди муассиса ва идораҳои гуногун ҷамъ овард.
Сар аз хонандагони муассисаҳои миёна то ба донишҷуёну кормандони касбу кори гуногун саҳми худро дар покизасозӣ гузоштаву ҳамчунин гулу буттаҳои ороишӣ шинониданд. Бо дарки он ки ҳар нафар метавонад дар ободсозиву тозагӣ саҳмгузор бошад, сокинони пойтахт дар ин табдир иштирок доштанд.
Дар ноҳияи Сино аксияи мазкур дар мавзеъҳое сомон дода шуд, ки ниёзи бештар ба рӯбу чин ва ободонӣ доштанд. Масалан дар хиёбони Ҷомӣ дар баробари сокинон ҳамчунин техникаи соҳавӣ низ барои тоза намудани канали обгузар ҷалб гардид ва бо истифода аз ин имконот ба пуррагӣ дохили он покиза карда шуд.
Ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия иштирокчиёни аксия гирди дарахтони ороишиву сояафканро нарм карданд, ки ин иқдом барои нашъунамои бештари дарахтон боис хоҳад шуд.
Қобил ба тазаккур аст, ки тадбири «Саҳми ман дар шаҳри ман» бо дастури роҳбарияти шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардид ва ба ин васила сокинон дар ободониву покизасозии хиёбону гулгашу назди идораву муассисаҳо саҳм гузоштанд.
Назди бинои Сирки давлатӣ гурӯҳе аз иштирокчиёни аксия аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷамъ омадаву гӯшаҳои истироҳативу фароғатии ин макон ва гулгашти назди Сиркро покизаву тоза намуданд.
Ба иттилои масъулин дар сартосари ноҳияи Фирдавсӣ ҳамингуна бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ сокинон ба ҳашари дастаҷамъонаи тозагӣ баромада макону мавзеъои истироҳативу фароғатиро ба ҷашни Наврӯз омодаву поккорӣ намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби сохторҳои коммуналӣ дар назди боғҳои фарҳангӣ гулу буттаҳои зебову рангоранг шинонида шуд ва маконҳоеро, ки дар он ҷо гули лола шинонида шудааст аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Бояд қайд кард, ки аксияи мазкур идомаи мантиқии амалишавии тадбирҳо дар роҳи ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе буда, ҳамчунин барои фароғату истироҳати меҳмонону сокинон маконҳои дилрабову зебойи пойтахт ҳамаҷониба покиза гардидаву омода шуданд.
Дар ин рӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҳамзамон дар дохил ва атрофи Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, назди биниҳои истикоматии шаҳракҳои 64 ва 65-и ноҳия ҳашарҳои дастаҷамъона доир карда шуд. Дар ин ҳашари дастаҷамъона иштирокдорон ба рӯбу чини роҳрав ва атрофи биноҳо, нарм намудани бехи гулу буттаҳо ва дигар корҳои ободкори машғул гардиданд. Ташкилу баргузории ҳашарҳои умумӣ ва ҷалби кормандони касбу кори гуногун ба корҳои ободонӣ барои боз ҳам тозаву озода гардидани як гӯшаи шаҳр муосидат намуда, бо ин роҳ ободии як канори шаҳр таъмин мегардад.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ