image

Иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» то 30-юми май ба роҳ монда мешавад

date_range16.03.2023, 14:27 chat_bubble_outline0 remove_red_eye240

«Тоҷикона мепӯшем» - таҳти чунин унвон аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии хотирмон доир гардид, ки дар он занону духтарони фаъоли донишгоҳу Донишкадаҳои кишвар ширкат варзиданд. Гулдухтарон бо пешниҳоди беҳтарин либоси милли иштирок намуда, бо либосҳои зебои атласу адрасу чакан сайри боғи Аҳмади Дониш намуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ оғоз аз 1 март то 30-юми майи соли ҷорӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллӣ ва вазорату идораҳо ба роҳ монда мешавад.

Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст. Бояд гуфт чунин иқдом имконияти хубе барои муаррифии либоси маҳалливу миллӣ ва эҳёи суннатҳои неки ниёгон фароҳам меорад.

Ҳадаф аз баргузории маъракаи мазкур тарғиби либоси миллӣ ба шумор меравад, зеро вақте сухан аз сару либоси миллӣ меравад, ҳатман симои зан-модари тоҷик бо сару либоси хоссаи зебо, ки дар ҳар давру замон посдори урфу одат ва анъанаҳои муқаддаси халқу миллат мебошад, пеши назар меояд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ душанбе"