image

Мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид

date_range16.03.2023, 14:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye209

Мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди "Гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ» ва "Шоҳмот" барои дарёфти Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ҷамъбаст гардид.

Ин чорабинии варзишӣ дар доираи иҷрои "Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 - 2026" ва "Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027" рӯзҳои 14-15-уми март бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷараён гирифта, дар он беш аз 100 нафар донишҷӯён аз 20 муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур имкон медиҳад, тарзи ҳаёти солим ва оммавияти намудҳои гуногуни варзиш дар миёни ҷомеа, хоса донишҷӯён бештар тарғиб карда карда шавад ва онҳо ҷиҳати иштироки фаъолона дар спартакиадаю дигар мусобиқаҳои байналмиллалӣ хуб омода гарданд. Дар маросим ҷамъбастии ин мусобиқа нахуст доварон қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони ҳам аз ҳисоби инфиродӣ ва ҳам даставӣ муайян гардиданд. Аз ҳисоби даставӣ донишҷӯёни донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов мақоми аввалро касб намуданд.

Дар ин мусобиқа аз ҳисоби даставӣ зинаи дуюмро Донишгоҳи байналмиллалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, зинаи сеюмро Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон соҳиб гардиданд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"