ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ «КАДБОНУИ БЕҲТАРИН»
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои банди 27-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 3 январи соли 2023, №АП-318, вобаста ба “Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023”, банди 26-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 январи соли 2023, №20 “Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо барои соли 2023”, банди 54-и қарори Раиси шаҳри Душанбе “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2023” ва супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №34(25-3) аз 3 феврали соли 2023, даври шаҳрии озмуни “Кадбонуи беҳтарин”-ро байни занону ҷавондухтарони ноҳияҳои пойтахт баргузор намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки озмуни мазкур байни занону бонувони ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида, ғолибони озмун ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.
Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибзавқ ва ҳунармандони моҳир, эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ баргузор карда шуд.
Иштирокчиёни озмун аз аз рӯи шартҳои
-ороиши дастархон ва доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёҳои болои миз;
-омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ, (пешин) ва шом;
-пешниҳоди маълумот оид ба номи дурусти таом, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо;
-маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир;
-маҳорати омода намудани хӯришҳо;
Малакаи омода намудани намудҳои гуногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулотҳои нонӣ - маҳорати худро нишон дода, беҳтаринҳо ба дипломҳои дараҷаи як, ду, се ва туҳфаҳои хотиравӣ ва дигар иштирокчиён бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ