image

Таҷлили Наврӯз дар Литсейи касбии махсуси маъюбон

date_range17.03.2023, 13:57 chat_bubble_outline0 remove_red_eye329

Бо мақсади ҳавасмандсозии таълимгирандагону касбомӯзон дар МД Литсейи касбии махсуси маъюбон чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид.

Ҷашни Наврӯз бо садо додани карнаю сурнай ва зам-замаи шеъри наврӯзӣ дар муассиса оғоз гардид. Дар чорабинӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, роҳбарият ва таълимгирандагони «Литсейи касбии махсуси маъюбон» иштирок намуданд. Зимни суханронии худ ииштирокчиён афзуданд, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз оини неки ниёгони тоҷик буда, ҷанбаи маърифатӣ ва инсондӯстӣ дорад.

Наврӯз бо талоши сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифтааст. Ҳамзамон ба таълимгирандагон барои хониши хубу аъло, интизоми намунавӣ, саҳми сазовор гузоштан дар баргузории чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Сипоснома тақдим карда шуд.

Дар саҳни ҳавлӣ намоиши дастовардҳои наврӯзӣ, расму оин ва суннатҳои оро додани дастархони наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид. Ҳузури Бобои Деҳкон ва Наврӯзу Баҳор дар ҷашнгоҳи наврӯзӣ, хондани таронаҳо дар васфи Наврӯзи аҷам, аз қисматҳои дигари чорабинӣ буд, ки боиси хурсандии ширкатдорон гардид.

Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар муассиса 235 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ин ҷо наврасони имконияташон маҳдуд аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ба таҳсилу касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Таҳсил дар муассиса аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузори шуда, барои хонандагони он ҳамаи шароити зарурӣ, аз ҷумла хобгоҳ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз ва барҳаво, китобхона, ошхона, бунгоҳи тиббӣ, физиотерапевтӣ, майдончаи варзишӣ ва дигар иншооти хизматрасон муҳайё карда шудааст.

Ҷойи таъкид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоии маъюбон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд чораву тадбирҳои судмандро амалӣ менамояд.

Барномаи рангини фарҳангӣ ва хони пурнозу неъмат ин навбат низ боиси хушҳоливу хурсандии касбомӯзони ин муассисаи таълимӣ шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"