image

Баргузории иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе

date_range17.03.2023, 14:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye277

Аксияи биё тоҷикона мепӯшем, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид, дар боғи ба номи Устод Рудакии пойтахт низ доир гашт.

Дар аксияи мазкур ҷавонодухтарони зебо бо ба бар намудани либосҳои миллӣ иштирок намуданд. Дар ин рӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бо чунин сару либоси тоҷикона духтарони зебо низ ба чашм мерасид. Бонувон дар ҳар гӯшаи боғ ба тан пироҳани атласу адрас ва чаканро намуда сайру гашт мекарданд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат маъракаи «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми апрел доир карда мешавад.

Тарғиби либоси миллӣ ҳадафи асосии баргузории чорабинии мазкур ба шумор рафта, ин иқдом- пешгирии либоспӯшии бархе занону бонувон ва ҷавондухтаронест, ки мутаассифона, имрӯз бо тақлид ба фарҳанги бегона либоси ғайр ба бар мекунанд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"