Мизи мудаввар таҳти унвони “Дастгирии занону бонувон дар густариши фаъолияти соҳибкорӣ”
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҷалби занҳои бешуғл ва хонашин ба фаъолияти соҳибкорӣ, дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор мизи мудаввар таҳти унвони “Дастгирии занону бонувон дар густариши фаъолияти соҳибкорӣ” баргузор гардид.
Дар он муовини роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, намояндагон аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, занҳои хонашини маҳаллаҳои ҳудуди пойтахт ва масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок доштанд.
Чорабиниро муовини раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Дилрабо Ашӯрова оғоз бахшида, қайд кард, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат, хосатан Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва фаъолияти онҳо таваҷҷуҳи зиёд намуда, саҳми онҳоро дар фаъолияти самтҳои гуногуни ҷомеа дар меҳвари таваҷҷуҳи хеш қарор додаанд. Ҳамин аст, ки дар тамоми баромаду суханронӣ ва дигар чорабиниҳо вобаста ба дастгирии занон дастуру супоришҳои саривақтӣ медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар муаррифии имкониятҳои мавҷуда ва нақшаҳои оянда барои занону бонувон, ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои пешбурди фаъолияти соҳибкории хусусӣ ва муаррифии идеяҳои соҳибкорӣ маҳсуб меёбад.
Инчунин, аз ҷониби иштирокчиёни дигари чорабинӣ, ки аксари онҳо намояндагони Ассотсиатсия ва ташкилотҳои соҳибкорӣ буданд, маърӯзаҳо вобаста ба рушду тавсеаи фаъолияти соҳибкорӣ ироа гардид.
Ҳамзамон, иштирокчиён вобаста ба дастгирии занону бонувон дар густариши фаъолияти соҳибкорӣ музокира намуда, андешаҳои хешро иброз доштанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор занону бонувони фаъол Ифтихорномаву Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе супорида шуд.
Қандил Мардонов
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ