image

Бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни бонувон доир шуд

date_range17.03.2023, 15:34 chat_bubble_outline0 remove_red_eye213

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни бонувони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия барои дарёфти ҷоми ноҳияи Фирдавсӣ доир карда шуд.

Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур намояндагони ноҳия, дӯстдорони варзиш ва дигар шахсони мутасаддӣ ширкат намуданд.

Зимни ифтитоҳи чорабинии мазкур ҳозирин сухан карда зикр намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзишро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҶТ маънидод намудаанд. Сипас, иштирокдорон ба гурӯхҳо тақсим шуда байни ҳам рақобат намуданд.

Бояд гуфт, ки мусобиқаи мазкур то санаи таҷлили идҳои дар пеш истода идома ёфта, дар он 8 даста байни ҳам рақобат менамоянд.

Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"