image

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

date_range18.03.2023, 08:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye254

Омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз Наврӯзи ҷаҳонӣ бо ростани хони идона дар асоси суннарҳои ин ҷашн ва намоиши ҳунармҳои мардумию дигар дастовардҳо истиқбол карданд.

Дар оғози чорабинӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода тамоми иштирокчиёнро ба истиқоли Соли нави аҷдодӣ таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати тоҷик ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии ҷаҳонишудаи тоҷикон тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату дӯстӣ, созандагиву офарандагӣ, барои эҷод ва бунёди зиндагии беҳтар, дӯст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.

Ин ҷашни зебоӣ ҳамасола дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун оғози мавсими кишту кор, ниҳолшинонӣ ва гулгардониву гулшинонӣ, ки аз ҷумлаи муҳимтарин падидаҳои зебоипарастии фарҳанги Наврӯз аст, бо риояи тамоми суннату ойиннҳои хосаш истиқбол мегардад.

Роҳбарият Донишгоҳ ва дигар меҳмонон аз намоиши дастурхонаи идонаи пур аз нозу неъмат ва дигар дастовардҳои факултетҳои ин муассисаи таҳсилоти олии мамлакат дидан намуданд.

Чорабинии ҷашнии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро барномаи рангини фарҳангии тараннумгари зебоиҳои ин ҷашн ва баҳори накӯ зиннат бахшид.

Қиёмиддини Ҳомид