image

Ҷамъбасти Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе

date_range18.03.2023, 11:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye208

Дар пойтахти мамлакат аз 14-ум то 17-уми марти соли равон Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» доир гардид.

Маросими пӯшидашавии Фестивал дар Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба н. М. Турсунзода баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ Абдулло Раҳмонзода муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, донишҷӯёни дохиливу хориҷии донишгоҳҳои пойтахт иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки ҷавонон ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди Тоҷикистон буда, дар пешрафти кишвар, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи истиқлоли Тоҷикистон, инчунин муаррифии мамлакат дар ҷаҳони мутамаддин саҳми намоён мегузоранд.

Дар идома роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши кишвар таъкид доштанд, ки ҷавонони тоҷик дар идомаи анъанаҳои неки аҷдодони мо риштаи дӯстиву рафоқатро бо ҳамсабақони хориҷии худ мустаҳкам намуданд.

Зимни баргузории маросими пӯшидашавии Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – Пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои Наврӯзӣ» ба иштирокчиёни фаъоли Фестивал – донишҷӯёни Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Африқо ва кишварҳои дигар барои иштироки фаъолона сертификат, сипосномаву ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот тақдим гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ манзури аҳли толор гардонида шуд.

Меҳроб Рауфзода