image

БАРГУЗОРИИ ЧОРУМИН МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГӮШТИНИ МИЛЛӢ-ГУШТИНГИРӢ, БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range21.03.2023, 07:31 chat_bubble_outline0 remove_red_eye173

ш.Душанбе. 19.03.2023. Дар муассисаи давлатии Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ чорумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. 

   Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 130 варзишгар аз 26 кишвари олам иштирок намуда маҳорат ва малакаи варзишии хешро нишон доданд. Тазаккур бояд дод, ки мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.    

    Дар маросими кушодашавии чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед суханронӣ намуда, ба тамоми меҳмонону иштирокдорон барои сабқат барору пирӯзӣ орзу намуданд.

   Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ” барои дарёфти “Ҷоми шаҳри Душанбе” бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.