ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛ БАРОИ ДАРËФТИ «ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ»
ш.Душанбе. 21.03.2023. Дар толори варзишии Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба намудҳои бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 феврали соли 2023, №60 маросими ҷамъбасти мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони Вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони ВМКБ, вилояти Суғд, Хатлон, ШНТМ ва шаҳри Душанбе барои дарëфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» баргузор гардид.
Дар қисмати ҷамъбастии мусобиқаи мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ашуров Акобир, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе Зуҳурова Зарина, муовини Раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Сафарализода Ситора, мудири шӯъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Олимов Ҷамшед, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҳимзода Шоҳзод Абдулфаттоҳ, директори Муассисаи давлатии "Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ" - и шаҳри Душанбе Камолов Раҳматшо Шарифович, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Саидов Саидҷалол ва директорони Муассисаҳои давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» - и шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
ДАСТАҲОИ ҒОЛИБ ДАР БАЙНИ
ВАРЗИШГАРОНИ ҒАЙРИКАСБӢ
Ҷойи якум дастаи: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,
Ҷойи дуюм дастаи: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷойи сеюм дастаи: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе.
ДАСТАҲОИ ҒОЛИБ ДАР БАЙНИ
ВАРЗИШГАРОНИ КАСБӢ
Ҷойи якум дастаи: ВМКБ,
Ҷойи дуюм дастаи: шаҳри Душанбе,
Ҷойи сеюм дастаи: вилояти Суғд
ишғол намуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа бо ҷом, диплом, медал ва мукофотҳои пулӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ба дастаҳои фаъол бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ