image

ҶАШНИ БОШУКУҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

date_range22.03.2023, 07:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye363

ш.Душанбе. 21.03.2023. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои бошукӯҳи наврӯзӣ доир гардиданд.

   Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2020» ба таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони Душанбешаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифта буданд.

   Шиору овезаҳои наврӯзӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо байту гуфтаҳои шоирону мутафаккирон ба ҳусни шаҳр намои хоса зам намудаанд.

   Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз, ин таҷассуми гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ, суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.

   Шоми 20 март намояндагони чор ноҳияи шаҳр дар Муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба ва нигаҳдории ҷангал" ҷамъ омада, бо пос доштани расму оинҳои миллӣ, аз ҷумла пухтани суманак, тайёр кардани ҳар гуна таомҳои баҳорӣ, оростани гулхани ҷашнӣ ва баргузории дигар суннатҳо фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд.

   Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ субҳи 21 март масъулин ва сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ оғози Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти русуми мардумӣ бо шукӯҳ ва шаҳомати хос таҷлил намуданд.

   Корвони наврӯзии чаҳор ноҳияи шаҳр бо рамзҳои наврӯзии Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо руҳияи баланди саршори шукгузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон аз чор самт вориди базмгоҳҳои наврӯзӣ гардида, ба сокинону меҳмонон аз фарорасии Соли нави аҷдодӣ хабар медоданд.

Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Майдони 800 солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар боғи фарҳангу фароғатии Ҷавонон оғози Соли нав - Наврӯзи аҷамро ботантана таҷлил намуданд.

     Дар ҷараёни тантанаҳои наврӯзӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон паёми шодбошии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз ба мардуми шарифи кишвар расонданд. 

   Дар ин рӯз дар ҳамаи базмгоҳҳои наврӯзӣ ва Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор шуд.

   Дар барномаҳои идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи даврони соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри пешравиҳо бештар инъикос гардида, бо рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ таҷҷасум ёфтанд. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ, қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаҳои идонаи наврӯзиро ташкил карданд.

   Ҳамчунин дар ҳошияи тантанаҳои наврӯзӣ баргузории намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор шуданд.

   Яке аз рамзҳои Наврӯз, ин баргузории мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ба шумор меравад. Дар робита ба ин, 21 март маросими ботантанаи кӯшодашавии Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба слалом таҳти унвони «Тоҷикистон-слалом оупен» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023 багузор гардид.  

 Дар робита ба сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ, дар доираи нақша-чорабиниҳои маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, санаи 21 март дар меҳмохонаи Ҳаят Реҷенси Фестивали байналмилалии «Наврӯзи Душанбе - 2023» бо иштироки доираи васеи меҳмонони дохилу хориҷи кишвар баргузор карда шуд. 

   Ҳамчунин шоми 21 март дар Майдони Истиқлол ба ифтихори Наврӯзи аҷам, чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони саршиноси кишвар баргузор карда шуд. 

Метавон гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ба як шаҳри пур аз меҳр, муҳаббат, шеъру суруд, садои хандаи тифлону нағмаи булбулон табдил ёфта буд. 

   Қобили тазаккур аст, ки таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар тамоми қаламрави пойтахт, ноҳия, маҳалла ва шаҳракҳо тавассути барномаҳои пуршукӯҳи идона, баргузории барномаҳои ҳунарӣ бо ҳисси ифтихор аз ватандорию шукуфоии кишвар, арҷ гузоштан ба мероси пурғановати ниёгону шукургузории сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди худшиносию меҳанпарастии кулли сокинони мамлакат сурат гирифт.

     Наврӯзу имрӯзу ҳамарӯзатон мубораку бахайру шодиву сурур бод, ҳамватанони арҷманду гиромӣ!!!